Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАЁСАТИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРОИ ИШҒОЛИ 13 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Муовини сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3752,45 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳосиб)-и Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Панҷакент — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Раёсат (муҳосиб)-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Зафаробод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъба (муҳосиб)-и Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истаравшан — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров -1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбар (муҳосиб)-и шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбар (муҳосиб)-и шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар (муҳосиб)-и шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Зафаробод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбар (муҳосиб)-и бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Истиқлол — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— аризаи шахсӣ ба унвони сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Cуғд;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома аз ҷои истиқомат;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома (объективка);

— нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати харбиро адо намудаанд);

— (4 дона расми 3х4)

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 28,

Телефон барои тамос:(факс) 5-58-49, нишонаи сомона shugl10@mail.ru.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин