Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
-синну сол то 35 сола;
— 1 сол собиқаи собиқаи умумии меҳнатӣ;
-хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро адо карда бошад (барои мардон);
-доғи судӣ надоштани довталаб ва хешу табори наздики ў;
-солим будан барои фаъолият намудан дар мақомоти прокуратура;
-донистани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
-донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ;
-маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир;
-ҳатмӣ донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҶикӣ;
-донистани забонҳои хориҶӣ.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба номи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҶумаи ҳол (ҳатман пурра нишон додани ному насаби худ ва аъзои оила, руз, моҳ, сол, ҷои таваллуд, ҷои истиқомат);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи билети ҳарбӣ (аз тарафи мардон);
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома дар бораи ҳайати оила;
-хислатнома;
-маълумотнома (справка объективка);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгўи корҳои илмӣ, тавсияномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, хиёбони А.Сино – 126, индекс; 734043,
Телефонҳо барои тамос: 235 -11-11, 250-43-18, 250-43-20 ва сомонаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.