Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Санаи 9 апрели соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар кори он раис ва аъзои ҳайати мушовара, Идрисзода Илёс Мумин директори Агентӣ, Меҳри Олимшо — мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Абдуллозода Фирдавс Асатулло — муовини якуми директори Агентӣ, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон — муовини директори Агентӣ, Сафарзода Даврон Ҷурахон — ректори Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.

     Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026 баррасӣ гардид.

     Директори Агентӣ — Идрисзода И.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯи масъалаи рӯзнома муовини директор — Қурбонзода Ҳ.Ҷ. ҳисобот доданд.

     Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда занон 4786 нафар ё 25,5 фоиз ва ҷавонони то 35-сола 9069 нафар ё 48,3 фоиз мебошанд.

     Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар давраи ҷамъбастӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ 6 курси таълимӣ, аз ҷумла 1 курси азнавтайёркунӣ, 5 доир карда шуда, 377 (зан-119, ҷавонони то 35-сола-80) нафар шунаванда ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд

     Ҳамчунин вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсия, ҷойивазкунӣ, баҳодиҳии фаъолият, захираи кадрҳо, забономӯзии хизматчиёни давлатӣ, ҳолати риояи қонунгузории соҳа дар мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо диққати махсус дода шуд.

     Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба  ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ санаи 5 феврал ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии идоракунии самараноки назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон санаи 26 марти соли 2026 ба имзо расонида шуданд.

     Ҳамчунин ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия тақвият дода шуда, директори Агентӣ ва сардори шуъбаи ташкилию иттилоотӣ ҷиҳати иштирок дар нахустин Конгресси байналмилалии идоракунии давлатии Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия сафари хизматӣ анҷом дода, дар доираи чорабинии мазкур ва амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ Нақшаи амал барои соли 2026 тасдиқ карда шуда, мувофиқи он хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Академияи зикршуда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. 

     Дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

     Вобаста ба масъалаи муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.

                                                                                                                                                                          Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин