Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КЎЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ 20 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб:

  1. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб 1 – ҷой, маоши мансабӣ – 4580,75 сомонӣ.
  2. Мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2522,55 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.

 

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб:

  1. Сармутахассис-сармуҳосиби Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб (оид ба соҳаи коммуналӣ) — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳр:

  1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (оид ба соҳаи омор )-и Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  5. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  6. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбииҶамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои барои ишғоли роҳбари дастгоҳ:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби роҳбари дастгоҳро ба танзим медароранд.

— 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва на кам аз 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб

Телефонҳо барои тамос: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26,

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин