Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КЎЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ 17 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб:

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб – 1 ҷой, маоиши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассис-сармуҳосиби Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракуниишаҳрак ва деҳоти шаҳр:

  1. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  6. Сармутахассис (оид ба соҳаи омор )-и Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,60 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбииҶамоати деҳоти Кўлоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбииҶамоати деҳоти Зарбдор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Зарбдор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Зарбдор — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи кишоварзии Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862,60 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529 сомонӣ.
  14. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1529 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муоширатбо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони раиси шаҳр;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

-нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломияоид ба андоз аз даромад;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома дар бораи надоштани таъқибиҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб

Телефонҳо барои тамос: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26,

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин