Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА БАРОИ ИШҒОЛИ 49 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо дасгоҳи раиси шаҳр — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шӯъбаи кор бо занон ва оила — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши рушди сайёҳӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси раёсати кишоварзӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари Раёсати иқтисод, савдо ва мониторинг — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  1. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шӯъбаи кор бо занон ва оила 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи сохтмон ва меъморӣ 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ.
  6. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ.
  7. Сармутахассис-муҳандис заминсози ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Шуроб, Нефтобод, Нурафшон, Чоркуҳ, Кӯлканд, Сурх, Зумрад, Хонобод, Ворух, Чилгазӣ, Навгилем ва Лаккон — 12 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти, Хонобод, Навгилем, ва Ворух — 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  9. Сармутахассис-сармуҳосиби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Сурх, Нефтобод, Шуроб, Нурафшон ва Лаккон — 5 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  10. Сармутахассис оид ба корҳои омори ҷамоати деҳоти Ворух — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари ҷамоатҳои деҳоти Ворух – 2 ҷой, Навгилем Сурх — 4 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  12. Нозирони мизи ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Навгилем, Нурафшон, Ворух, Сурх, Кӯлканд, Чилгазӣ Лаккон ва Хонобод — 9 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  13. Мутахассиси ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Ворух ва Чоркуҳ — 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 20,

Телефонҳо барои тамос: 83462.2.72.74, 987.24.44.45, E-mail: isfara.mihd@mail.ru

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Исфара муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин