Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН БАРОИ ИШҒОЛИ 21 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2924,15 сомонӣ.
  2. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2924,15 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,1 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши бахши рушди иқтисод, савдо ва мониторинги ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  8. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси (муҳандис – заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Т.Ӯлҷабоев, Куруш, Тағояк Истиқлол, ва Сарбанд – 6 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,1 сомонӣ.
  10. Сармутахассиси дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Навкат, Тағояк ва Ҳуррамзамин – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,1 сомонӣ.
  11. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоатҳои деҳоти Хуррамзамин – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,1 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоатҳои деҳоти Сарбанд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,8 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома аз ҷои истиқомат;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома(объективка);

— нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

—  4 дона расми 3х4)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Спитамен, к.Спитамен №3,

Телефонҳо барои тамос:  (83441) 2-26-83, факс 2-26-83, 2-22-44, нишонаи сомона  www.spitamen.tj суроғаи электронӣ mihd_n. spitamen@mail.ru.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Спитамен муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин