Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН БАРОИ ИШҒОЛИ 20 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси ноҳия:

  1. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.

 Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Сармутахассиси шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529 сомонӣ.

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассиси ( муҳандис заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Теҳрай – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Теҳрай – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  3. Мутахассиси оид ба масъалаҳои андоз ва барқи Ҷамоати деҳоти Теҳрай – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирӣ)-и Ҷамоати деҳоти Теҳрай – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  5. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Чагам – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  6. Сармутахассис (муҳандис заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Чагам – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  7. Мутахассис оид ба масъалаҳои андоз ва барқи Ҷамоати деҳоти Чагам – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1529 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирӣ)-и Ҷамоати деҳоти Чагам – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  9. Мутахассис пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Саричашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирӣ)-и Ҷамоати деҳоти Саричашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  11. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Маҳмудов – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Маҳмудов – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирӣ)-и Ҷамоати деҳоти Даштиҷум – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1862 сомонӣ.
  14. Сармутахассис (муҳандис заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Лангардара – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  15. Сармутахасси оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросим Ҷамоати деҳоти Лангардара – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2168 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбар (нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирӣ)-и Ҷамоати деҳоти Лангардара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома аз ҷои истиқомат;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома(объективка);

— нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

—  4 дона расми 3х4)

                                                Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

 Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Теҳрай,

 Телефонҳо барои тамос: 2-11-65, +992918704140.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин