Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ САНГВОР БАРОИ ИШҒОЛИ 27 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси ноҳия:

1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2279,6 сомонӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,5 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа- 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ. 
  3. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,5 сомонӣ.

Воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оила — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.  
  3. Мутахассис пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросим — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Сангнвор — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1459,5 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва мониторинг — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1779,2 сомонӣ.
  10. Мутахассиси шуъбаи кишоварзӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1390 сомонӣ.

        Мақомоти худидоркунии деҳоти ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Тавилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,8 сомонӣ.
  2. 16. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Тавилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1390 сомонӣ.
  3. Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Тавилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,8  сомонӣ.
  4. Сармутахассис-заминсозӣ ҷамоати деҳоти Чилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2071,1 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Чилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2071,1  сомонӣ.
  6. Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Чилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,8 сомонӣ.
  7. Мутахассиси ҷамоати деҳоти Чилдара — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1390 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Вахиё — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2071,1  сомонӣ.
  9. Сармутахассиси (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Заршӯён — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2071,1 сомонӣ.
  10. Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Заршӯён — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,8 сомонӣ.
  11. Мутахассиси ҷамоати Заршӯён — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1390 сомонӣ.
  12. Сармутахассис-заминсозӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2071,1 сомонӣ.
  13. Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2071,1 сомонӣ.

        

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Сангвор,

Телефонҳо барои тамос: (8-3156) 22-1-21, 22-3-34, 918-24-06-34, Email:info@sangvor.tj

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Сангвор муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин