Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА БАРОИ ИШҒОЛИ 14 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1841 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1841 сомонӣ.
  3. Сармутахассис мақомоти васоят ва парастории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  1. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1841 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши маорифи ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  3. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи  Қ.Гадодлиев — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  4. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Роштқалъа — 1 ҷой, маоши мансабӣ 2230 сомонӣ.
  5. Сармутахассис (муҳандис – заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Сежд — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3100 сомонӣ.
  6. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну мароисми Ҷамоати деҳоти Сежд – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 3100 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну мароисми Ҷамоати деҳоти Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  8. Сармутахассис (сармуҳосиб) – и Ҷамоати деҳоти Қ.Гадолиев – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  9. Сармутахассис (сармуҳосиб) – и Ҷамоати деҳоти Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  10. Сармутахассис  (сармуҳосиб) – и Ҷамоати  деҳоти Барвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2230 сомонӣ.
  1. Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Роштқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1839 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

  • ариза ба номи раиси  ноҳияи Роштқалъа;
  • варақаи шахсии   ба   ҳисобгирии   кадрҳо (бо 2 дона акси  андозаи 4х6);
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо  дар  бораи  таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки  шахс  собиқаи меҳнатӣ   надорад);
  • маълумотнома оид  ба вазъи   саломатӣ дар шакли 08 УЕ;
  • нусхаи гувоҳномаи  рақами  мушаххаси   андозсупоранда;
  • эъломия дар бораи даромадҳо  ва  вазъи  молу   мулкии   худ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи билети ҳарбӣ (барои  шахсоне,  ки  хизмати  ҳарбиро  адо  намудаанд);
  • маълумотнома оид  ба доғи  судӣ;
  • нусхаи маълумотномаи СИН.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Деҳаи Медон, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа,

Телефонҳо барои тамос: 501-16-01-20;  935026084  kadr-roshtkala@mail.ru,

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Роштқалъа муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин