Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ БАРОИ ИШҒОЛИ 21 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси ноҳия:

  1. Мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2397,1 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:

  1. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии МИҲД–и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги МИҲД–и ноҳияи Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.

 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

  1. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  2. Сармутахассис муҳандис – заминсози Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси омори Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  5. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  6. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки Обшорон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  7. Сармутахассиси дин ва танзими ҷашну маросими Ҷамоати Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4  сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти Палдорак – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати шаҳраки Бӯстон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбари кишоварзии Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  13. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2  сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Оббурдон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2  сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Навбаҳор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2  сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— аризаи шахсӣ ба унвони роҳб ари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома аз ҷои истиқомат;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома(объективка);

— нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

—  4 дона расми 3х4)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:                                                                                                                                                                         

Ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бустон, кӯчаи С.Шарифов №23,

Телефон барои тамос: 2–21–61

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

 

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин