Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ БАРОИ ИШҒОЛИ 6 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Воҳидҳои сохтории МИҲД-и ноҳия ва Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассис — сармуҳосиби шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Кўҳистони Мастчоҳ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2145 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1520 сомонӣ.
  3. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2100 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1520 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ — 1 ҷой, маоши мансабӣ –1350 сомонӣ.
  6. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Лангар — 1 ҷой, маоши мансабӣ –1350 сомонӣ.

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи умумии меҳнати ё 2 сол собиқаи хизмати давлати (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати);

-2 сол собиқаи умумии меҳнати ё 1 сол собиқаи хизмати давлати (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти милли, забони давлати ва забонҳои хориҷи;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкориҳангоми татбиқи манфиатҳои давлати;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилооти;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти милли, забони давлати(ба донандагони забонҳои хориҷи бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкориҳангоми татбиқи манфиатҳои давлати;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилооти;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти оли, олии нопурра ё миёнаи касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти милли, забони давлати(ба донандагони забонҳои хориҷи бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муоширатбо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкориҳангоми татбиқи манфиатҳои давлати;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилооти;

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон,

Телефонҳо барои тамос: 111181112, 926378526,

почтаи электронӣ: Kuhistoni.m@mail.ru

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин