Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАРОИ ИШҒОЛИ 20 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  1. Мутахассиси пешбари бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, Ҳаёти нав ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоатҳои деҳоти Ғӯлакандоз, деҳоти Деҳмой ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари (коргузори) Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  7. Мутахассиси пешбари (нозири андоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод ва Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  8. Нозири мизӣ ҳарбии бақайдгирии Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод ва деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Ҷамоатҳои деҳоти Гулхона ва Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.

     

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи ба номи Ислом Нурматов №5

Телефонҳо барои тамос: (83455) 2-30-02, нишонаи сомона www.jabborrasulov.tj, суроғаи электронӣ mihd.jrasulov@mail.ru

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин