Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАРОИ ИШҒОЛИ 19 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Мудири шуъбаи Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,40 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.
  6. Мутахассиси бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.
  7. Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, деҳоти Ҳаёти нав ва деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси (сармуҳосиби) Ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2071,10 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари (нозири андоз) Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  11. Нозири мизӣ ҳарбии бақайдгирии Ҷамоатҳои шаҳраки Меҳробод, деҳоти Ғӯлакандоз ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  12. Мутахассиси Ҷамоатҳои деҳоти Гулхона ва деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1390 сомонӣ.

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

    Ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи ба номи Ислом Нурматов №5

Телефонҳо барои тамос: (83455) 2-30-02, www.jabborrasulov.tj, mihd.jrasulov@mail.ru

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин