Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БАРОИ ИШҒОЛИ 16 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Балҷувон:

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.

 

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  3. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  4. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  5. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Куханшахр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Сари Хосор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  7. Мутахассиси Ҷамоати даҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  8. Мутахассиси Ҷамоати даҳоти Сафобахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.
  9. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,20 сомонӣ.

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Талаботҳои тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба унвонии роҳбари мақоми давлатӣ (шакли муқарраршуда);

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (2 дона акси андозааш 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар барои таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

— маълумот оиди вазъи саломатӣ (шакли 0,38УЕ);

— нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранда);

— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро

  намудаанд);

— маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

— маълумотнома

— маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

          

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       Ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Балҷувон,

Телефонҳо барои тамос: (83357) 21274; 100887734; 938260990 почтаи электронӣ; kadrho.baljuvon@khatlon.tj.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Балҷувон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин