Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ АЙНӢ БАРОИ ИШҒОЛИ 25 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  4. Мутахасси пешбари Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,00 сомонӣ.
  5. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1460,00 сомонӣ.
  6. Сармутахассис, муҳандис-заминсози Ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Айнӣ, Фондарё, Дар-Дар ва шаҳраки Зарафшон – 5 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  7. Сармутахассис оид ба дин ва танзими ҷашну маросими Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зарафшон, Фондарё ва Анзоб – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  8. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Шамтуч – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  9. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Урметан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
  10. Мутахасси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Фондарё – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,00 сомонӣ.
  11. Мутахасси пешбар оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кишоварзии Ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Айнӣ ва Рарз – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,00 сомонӣ.
  12. Нозири мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Шамтуч, Рарз ва Фондарё – 4 ҷой, маоши мансабӣ – 1460,00 сомонӣ.
  13. Мутахассиси андози Ҷамоатҳои деҳоти Рарз ва Шамтуч – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1460,00 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи умумии меҳнати ё 2 сол собиқаи хизмати давлати (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати);

-2 сол собиқаи умумии меҳнати ё 1 сол собиқаи хизмати давлати (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти милли, забони давлати ва забонҳои хориҷи;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкори ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлати;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилооти;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофи;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти милли, забони давлати(ба донандагони забонҳои хориҷи бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкори ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти оли, олии нопурра ё миёнаи касби, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти милли, забони давлати(ба донандагони забонҳои хориҷи бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкори ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони раиси ноҳия;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона аксиандозаи 4х6);

-тарҷумаиҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнати (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

-нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома дар бораи надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғисуди, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

-нусхаи билетиҳ арби (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Ноҳияи Айнӣ, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, кӯчаи ба номи Рудакӣ №58

Телефон барои тамос: (83479) 2-22-05, факс 2-22-05, нишонаи сомона www.ayni.tj, суроғаи электронӣ mihd.aini@mail.ru

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Айнӣ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин