Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Мутахасси пешбари Раёсати кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,00 сомонӣ.
Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1460,00 сомонӣ.
Сармутахассис, муҳандис—заминсози Ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Айнӣ, Фондарё ва Дар-Дар – 4 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
Сармутахассис оид ба дин ва танзими ҷашну маросими Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Зарафшон, Фондарё ва Анзоб – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,00 сомонӣ.
Мутахасси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Фондарё – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,00 сомонӣ.
Мутахасси пешбар оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кишоварзии Ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Рарз – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,00 сомонӣ.
Мутахассиси мизи ҳарбӣ ва бақайдгирии Ҷамоатҳои деҳоти Урметан, Шамтуч, Рарз ва Ҷамоати шаҳраки Зарафшон – 4 ҷой, маоши мансабӣ – 1460,00 сомонӣ.
Мутахассиси андози Ҷамоатҳои деҳоти Рарз ва Шамтуч – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1460,00 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);
— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Бароии ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиќ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Бароии ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуќуќии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба номи роҳбари мақомот;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
— нусхаи шиноснома;
— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Ноҳияи Айнӣ, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, кӯчаи ба номи Рудакӣ №58
Телефон барои тамос: (83479) 2-22-05, факс 2-22-05, нишонаи сомона www.ayni.tj, суроғаи электронӣ mihd.aini@mail.ru
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Айнӣ муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.