Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мудири бахш:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;
-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби сармутахассис:
— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
— донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
— донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медарорад;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвони роҳбари мақомот;
— варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
— шарҳи ҳол;
— нусхаи диплом;
— 2 дона расми 3х4 ;
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
— нусхаи шиноснома;
— маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
— нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
— маълумотнома аз ҷои истиқомат;
— маълумотномаи доғи судӣ
— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ муқарраргардида;
— нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)
— маълумотнома (справка-объективка).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсус),
Телефон барои тамос: 2 27 85 79
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.