Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 21 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи марказии Кумита:

  1. Сармутахассиси шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2641 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2641 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси шуъбаи муҳосибот ва молия — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2641 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии дастгоҳи марказии Кумита — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2641 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2154 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати тухмии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2154 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи назорати зотпарварии Раёсати назорати байторӣ ва зотпарварӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  8. Мутахассиси шуъбаи назорати фитосанитарӣ ва карантинии Раёсати назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  9. Мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадр — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.
  10. Мутахассиси бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779 сомонӣ.

 Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт:

  1. Сармутахассис — ҳуқуқшинос — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2515 сомонӣ.
  2. Мудири бахши Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2924,15 сомонӣ.
  3. Мутахассис оид ба назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмии шуъбаи Раёсати Кумита дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт дар виляоти Хатлон — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.

Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:

  1. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.

 

 Раёсати Кумита дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

  1. Мудири бахши назорати байторӣ ва зотпарварӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2786,10 сомонӣ.
  2. Сармутахассис-ҳуқуқшинос — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2515 сомонӣ.

 

Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон:

17.Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи назорати байторӣ ва зотпарварӣ1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.

 

Раёсати Кумита дар вилояти Суғд:

  1. Мудири бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2924,15 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2057 сомонӣ.
  3. Мутахассиси бахши назорати фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мудири бахш:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мудири бахшро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба унвони роҳбари мақомот;

 -нусхаи шиноснома;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
 — тарҷумаи ҳол;
 — нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
 — нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

   надорад);
 — маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;

 — маълумотномаи тиббӣ (038 УЕ);

 —  нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
 — эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
 — нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
 — нусхаи СИН (рақами инфиродии суғуртавӣ);

 — маълумотнома (объективка) дар шакли хаттӣ ва электронӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон — 21

Телефон барои тамос: 2-23-16-51

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин