Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Иштироки кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ

    Санаи 17 май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» доир шуд.

 

    Дар Дави миллӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ фаъолона иштирок намуданд.

 

  Бояд гуфт, ки Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Варзиш дар ҳаёти инсон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дошта, машғулияти варзишӣ ва обутоби бадан ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти солим ба ҳисоб меравад.

 

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин