Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои роҳбарони сохторҳои маҳаллии молияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид. Курси мазкур дар доираи барномаи таълимии “Идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани дониш, малака ва салоҳиятҳои роҳбарони сохторҳои маҳаллии молиявӣ, таҳкими идоракунии муассир, ҷалби воситаҳои молиявӣ ва истифодаи самараноки буҷетҳои маҳаллӣ мебошад.
Зимни ифтитоҳи курс ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим — н.и.и., дотсент Одиназода Ф.Ҷ. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, доир ба аҳамияти ин барнома барои таҳкими низоми идоракунии молиявӣ дар сатҳи маҳаллӣ суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки такмили малакаи роҳбарони сохторҳои молиявӣ яке аз омилҳои асосии таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва рушди устувори иқтисодии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханрониаш аҳамияти ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, масъалаҳои кадрӣ ва зарурати омодасозии мутахассисони баландихтисосро махсус зикр кард. Вай изҳор дошт, ки давраи рушди минбаъдаи кишвар тақозо менамояд, то роҳбарон дар ҳама сатҳ соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва омода ба ҳалли масъалаҳои муосири иқтисодию молиявӣ бошанд.
Инчунин, н.и.п., дотсент Сайдаҳмадзода Дилором — муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, дар баромади худ ба масъалаҳои такмили доимии малакаи хизматчиёни давлатӣ, таҳкими захираи кадрӣ ва муносибати касбӣ ба кори идоракунии молиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин курсҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи молия мусоидат мекунад.
Курси мазкур тибқи ҷадвали тасдиқшуда то 29 ноябри соли 2025 идома ёфта, иштирокчиён дар рафти он дар бораи асосҳои идоракунии молияи давлатӣ, банақшагирии буҷет, хароҷоти давлатӣ, идоракунии хавфҳои молиявӣ, механизмҳои шаффофият ва дигар самтҳои муҳим омӯзиш мегиранд. Инчунин, барои иштирокчиён семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ пешбинӣ шудааст.
Маросими ифтитоҳӣ бо муҳити корию омӯзишӣ оғоз гардида, интизор меравад, ки баргузории курс ба таҳкими иқтидори кадрии сохторҳои молиявии маҳаллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати идоракунии молиявӣ дар кишвар саҳми назаррас мегузорад.