Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 8 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассиси Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2515,90 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси гурӯҳи озмоишии Хадамот — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2515,90 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси Хадамот дар минтақаи НБО «Роғун» — 2 ҷой, маоши мансабӣ — 2515,90 сомонӣ.
  4. Сармутахассис дар минтақаи Рашт — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2515,90 сомонӣ.
  5. Мутахассиси Бахши кадрҳо ва ҳуқуқ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,80 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Хадамот дар ВМКБ — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,80 сомонӣ.
  7. Мутахассиси гурӯҳи озмоишии Хадамот — 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1695,80 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи дафтарчаи мехнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

— нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

— маълумотнома оид ба вазъи  саломатӣ (шакли 038УЕ);

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз ВКД оиди надоштани доғи судӣ;

— нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумотнома аз ҷои истиқомат;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— маълумотнома(объективка);

— нусхаи билети харбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

—  4 дона расми 3х4)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, кўчаи Ҳусейнзода 34

Телефонҳо барои тамос: +992 223-06-96

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ сохтмонӣ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин