Хабарҳои агентӣ
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 3322
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар курси нақшавии сайёри такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои мутахассисони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди онро аз 9 то 11 ноябр баргузор намуд.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 2604
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд курси сайёри такмили ихтисосро барои мутахассисони шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди он аз рӯйи барномаи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27 то 29 октябри соли 2021 баргузор намуда, 25 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба курси мазкур ҷалб карда шуданд.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 2143
Дар доираи омодагиҳо ба 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили рушди босуботи кишвар» ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ кормандони Агентии хизмати давлатӣ, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Read more: КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОЧИКИСТОН-КАФИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 4599
Санаи 5 октябри соли 2021 мулоқоти Комиссияи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) бо 15 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Комиссияи мазкур барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония дар солҳои 2021-2023 тавсия гардидаанд, баргузор гардид.
Дар мулоқот Мияшита Такаюки-сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Такасака Мунео-роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 2318
Дар доираи ҳамкорињои Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ 11 октябри соли 2021 барои хизматчёни давлатии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки бо қарори комиссияи аттестатсионӣ барои фаро гирифтан ба такмили ихтисос тавсия шудаанд ва хизматчиёни давлатии солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, дар асоси Нақша-ҷадвали курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ барои соли 2021 аз рӯйи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» курси такмили ихтисос оғоз гардид.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 3226
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон курси сайёри таҷрибаомӯзиро дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хоруғ аз 11 то 16 октябри соли 2021 ташкил намуда, ба он хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, ки солҳои 2019-2020 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, ҷалб карда шуданд.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 2066
Дар асоси дархости Раёсати захираҳои инсонии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия аз 24 сентябри соли 2021 оид ба ташкили вохӯрӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар доираи ҳамкориҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ санаи 12 октябри соли 2021 мулоқоти директори Агентии хизмати давлатӣ бо намояндагони ҷониби Туркия баргузор карда шуд.
- Details
- Category: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Hits: 4194
Санаи 8 октябри соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи чорум, инчунин вазъи коргузорӣ ва таъмини иҷрои маводҳои назоратӣ дар Агентии хизмати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., ва аз рӯйи
Read more: ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ АЗ 08.10.2021










