User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси Нақша-ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар соли 2022, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст,  санаи 17 октябри соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

курси такмили ихтисос барои масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи курси мазкур Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ- ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода Ибодат Ғанӣ - директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Курси мазкур дар асоси барномаи мукаммали таълимӣ дар ҳаҷми 46 соат ташкил гардида, мавзуъҳои мутобиқ барои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, масъулони самти муқовимат бо коррупсия аз ҷумла «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 21 декабри соли 2021», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Тартиби таҳияи Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ», омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», самтхои фаъолияти «Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Коррупсия падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ», «Механизмҳои муосири пешгирии коррупсия: таҳлили таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар ин самт» ва ба ин монанд мавзуъҳои рузмарра дар шакли лексия-мубоҳиса аз ҷониби омузгорону донишмандони ботаҷриба ва мутахассисони соҳа баргузор карда мешавад.

Инчунин дар ҷамъбасти курси тамили ихтисос бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа мизи мудаввар бо мақсади табодули донишу таҷриба дар мавзӯи «Сиёсати давлатии муқовимат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда мешавад.

 

 

                                                                                                                         Агентии хизмати давлатии назди                                                                  

                                                                                                                         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон