User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

  1. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1265,20 сомонӣ.
  2. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1265,20 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1860 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1465 сомонӣ.

                                  Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

  1. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонов - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1465,60 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Поршинев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1465,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси - Ҷамоати деҳоти Поршинев - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1275,60 сомонӣ.
  4. Сармутахассис оиди дин, танзими ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Fарибшо Шаҳбозов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1860 сомонӣ.
  5. Сармутахассис – муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозов – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1860 сомонӣ.
  6. Сармутахассис – муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Навобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1860 сомонӣ.
  7. Сармутахассис – муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Ванқалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1865,60  сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ванқалъа - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1865,60 сомонӣ.

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассис:

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  Ноҳияи Шуғнон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, шаҳраки Ваҳдат, Индекс 736107, 

Телефонҳо барои тамос: / факс:  3- 05-35, 3-05-01. Моб: 50-128-54-04  

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Шуғнон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

  Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.