User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни баргузории маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ»

барои саҳми арзанда дар татбиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин бурдани корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тақвият бахшидан ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфуз, устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа як қатор хизматчиёни давлатии фаъол-кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Латифзода, Қумриниссо Халифаева, Индира Пулатова, Мирзо Кенҷазода ва Ҳабиба Сафарзода -ро бо Сипоснома сарфароз гардонид.

Инчунин дар асоси аризаи кормандони Агентии хизмати давлатӣ ба аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба унвонии раиси ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ», қарори ташкилот дар бораи қабули аризаи шаҳрвандон аз 3 июли соли 2023, №2 ва тасдиқи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хизматчиёни давлатӣ Бобољон Меҳмондӯстов, Бунафша Ғафурова, Мењриддин Холзода, Шањзод Бобоев, Сайёра Раҳмонова, Сурайё Амиршоева, Фаридун Тавуров соҳиби дафтарчаи аъзогӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд.

Агентии хизмати давлати  наздии

                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон