Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» чорабинӣ баргузор гардид.

    Санаи 26 июни соли 2026 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи қабули қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе чорабинӣ баргузор карда шуд.

   Директори Агентӣ Идрисзода И.М. иштирокчиёни чорабиниро бо қабули қатъномаи таърихии мазкур самимона табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки қабули ин қатънома нишонаи эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ мебошад.

     Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи муосир тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Мо вазифадорем, ки ин арзишҳои волои инсониро на танҳо ҳифз намоем, балки онҳоро ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ ба наслҳои ҷавон ба мерос гузорем.Зеро маҳз ҷавононе, ки дар рӯҳияи эҳтироми ҳамдигар, таҳаммул ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия ёфтаанд, метавонанд ояндаи ҷомеаи демократӣ, босубот ва шукуфои кишварро таъмин намоянд.

     Дар фарҷоми чорабинӣ директори Агентӣ иброз намуданд, ки хизматчиёни давлатӣ минбаъд низ дар татбиқи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими давлатдорӣ, волоияти қонун ва рушди устувори кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин