Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 14 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:

  1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2014,50 сомонӣ.
  2. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1667 сомонӣ.

 Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд:

  1. Сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,80 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,9 сомонӣ.
  3. Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,4 сомонӣ.

 Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон:

  1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,80 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,9 сомонӣ.
  3. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,4 сомонӣ.

 Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон:

  1. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,90 сомонӣ.

 Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт:

  1. Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ.
  3. Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ.

 Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

 

– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126,

(Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3),

Телефонҳо барои тамос: 225-83-28, 225-83-32.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин