Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АГЕНТИИ МЕҲНАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ 19 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи марказӣ:

  1. Муовини сардори раёсат – сардори шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4794,10 сомонӣ.
  2. Мутахассиси бахши иттилоотӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1695,80 сомонӣ.
  3. Мутахассиси шуъбаи молияи раёсати тарҳрезию молия — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4794,10 сомонӣ.

 

Раёсат ва шуъбаҳои Агентии меҳнат ва

шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе:

  1. Мутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шоҳмансур — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.
  5. Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Сино — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2279,60 сомонӣ.

 

Раёсат, шуъба ва бахшҳои

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ШНТҶ:

9.Мутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.

10.Сармутахассиси раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ шаҳри Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.

11.Мутахассиси пешбари раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,40 сомонӣ.

12.Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.

13.Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тоҷикобод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.

14.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.

15.Сармутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,40 сомонӣ.

16.Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.

17.Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Нуробод — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.

18.Мутахассиси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,50 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Лахш — 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби муовини сардори раёсат:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм ё 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби муовини сардори раёсатро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассуси

                                       Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба номи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ,

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4),

— тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот,

-дафтарчаи меҳнатӣ, шиноснома, шаҳодатномаи ҳарбӣ,

-РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда), РМС (рақами мушаххаси суғуртавӣ),

-маълумот оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ),

 маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ,

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад ва маълумотнома (объективка).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Кӯчаи А.Навоӣ 5/1

Телефон барои тамос: 250-32-56,  w.w.w.mehnat.tj, w.w.w.kor.tj

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

    Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин