- Сардори раёсати ҳукумати электронӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 5559,65 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ, автоматонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот, шабакаҳои алоқа ва системаҳои коммутатсионӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, менеҷмент, идоракунии давлатӣ ва ё ҳуқуқшиносӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Сардори раёсати илм ва малакаҳои рақамӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 5559,65 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии фаъолияти илмию техникӣ ва татбиқи технологияҳо, технологияҳои иттилоотӣ, иоформатика, математика, педагогӣ, идоракунии иқтисодиёт ё идоракунии давлатӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
Инчунин барои довталабони ишғоли мансаби сардорони раёсатҳо талаботҳои зерин ҳатмист:
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 7 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
— малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
- Мудири бахши умумӣ ва назорати раёсати банақшагирӣ ва котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4568,20 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои филологӣ, идоракунӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва ё вобаста ба он бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
Инчунин барои довталабони ишғоли мансаби мудири бахш талаботҳои зерин ҳатмист:
— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
— малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
- Сармутахассиси раёсати ҳуқуқ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Сармутахассиси раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, амнияти иттилоотӣ ё киберӣ, ҳифз ва коркарди маълумот, зеҳни сунъӣ, шабакаҳои алоқа, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ, молия, иқтисодчӣ, иқтисоди рақамӣ ва ё муносибаҳои байналмилалӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Сармутахассиси раёсати зеҳни сунъӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифз ва коркарди маълумот, зеҳни сунъӣ, шабакаҳои алоқа, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ, молия, иқтисодчӣ ва ё вобаста ба он бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Сармутахассиси раёсати иқтисоди рақамӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё техникӣ (барномасозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумот, логистика, риёзии амалӣ) бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Сармутахассиси раёсати илм ва малакаҳои рақамӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии фаъолияти илмию техникӣ ва татбиқи технологияҳо, технологияҳои иттилоотӣ, информатика, математика, иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии иқтисодиёт ва ё идоракунии давлатӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Сармутахассиси шуъбаи идоракунии захираҳои инсонӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2780 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ё дигар ихтисосҳои гуманитарӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад).
Инчунин барои довталабони ишғоли мансаби сармутахассис талаботҳои зерин ҳатмист:
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
— малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
- Мутахассиси пешбари раёсати зеҳни сунъӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, амнияти иттилоотӣ, ҳифз ва коркарди маълумот, зеҳни сунъӣ, шабакаҳои алоқа, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ, молия, иқтисодчӣ ва ё вобаста ба он бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси пешбари раёсати амнияти иттилоотӣ ва коркарди махзани маълумот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.(бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, амнияти иттилоотӣ ё киберӣ, ҳифз ва коркарди маълумот, зеҳни сунъӣ, шабакаҳои алоқа, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ, молия, иқтисодчӣ, иқтисоди рақамӣ ва ё муносибаҳои байналмилалӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси пешбари раёсати иқтисоди рақамӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.(бояд дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ ва ё техникӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси пешбари раёсати рушди экосистемаи инноватсионӣ – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои инноватика, идоракунии навовариҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT), таъминоти иттилоотии фаъолияти инноватсионӣ, идоракунии иқтисодиёт ва ё ҳуқуқшиносӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси пешбари раёсати илм ва малакаҳои рақамӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,70 сомонӣ.(бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии фаъолияти илмию техникӣ ва татбиқи технологияҳо, технологияҳои иттилоотӣ, информатика, математика, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии иқтисодиёт ва ё идоракунии давлатӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
Инчунин барои довталабони ишғоли мансаби мутахассиси пешбар талаботҳои зерин ҳатмист:
— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— мавҷудияти малакаи хуби муошират бо aҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
— донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
— малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
- Мутахассиси раёсати ҳуқуқ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ё идоракунии давлатӣ ва маҳалӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси раёсати рушди экосистемаи инноватсионӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои инноватика, идоракунии инноватсияҳо дар технологияҳои илмталаб, идоракунии фаъолияти илмиютехникӣ ва татбиқи технологияҳо, идоракунии давлатӣ ва ё иқтисодиёт бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси раёсати илм ва малакаҳои рақамӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои идоракунии фаъолияти илмию техникӣ ва татбиқи технологияҳо, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии иқтисодиёт ва ё идоракунии давлатӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
- Мутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармояи раёсати банақшагирӣ ва котибот – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1862,60 сомонӣ. (бояд дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисоси иҷтисодчӣ, иҷтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои байналмилалӣ, молия ва қарз, идоракунии давлатии иқтисодиёт ва ё идоракунии давлатӣ бошад, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад);
Инчунин барои довталабони ишғоли мансаби мутахассиси талаботҳои зерин ҳатмист:
— донистани забони давлатӣ ва на кам аз ду забони хориҷӣ дар сатҳи баланд;
— донистани муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, таърих ва фарҳанг, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд;
— одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;
— малакаи хуби муошират;
— малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза ба унвонии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
— тарҷумаи ҳол;
— 2-дона сурати рангаи андозаи 4 х 6;
— нусхаи шиноснома;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
— эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;
— тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
— маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
— нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
— гувоҳнома (сертификат) дар бораи донистани забони хориҷӣ;
— маълумотнома (объективка) дар шакли чопӣ ва электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47 а, (собиқ бинои Тоҷиксодиротбонк),
Телефонҳо барои тамос: 223-30-52, 223-30-51.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.