Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН БАРОИ ИШҒОЛИ 15 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон:

  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1860 сомонӣ.

Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Балҷувон:

  1. Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2280 сомонӣ.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия:

  1. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2280 сомонӣ.
  2. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2280 сомонӣ.
  3. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Сафедчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2280 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси танзим ва ҷашну маросимҳои Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2280 сомонӣ.
  5. Сармутахассис-муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 2280 сомонӣ.
  6. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1860 сомонӣ.
  7. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сафобахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1860 сомонӣ.
  8. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Куханшахр – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1860 сомонӣ.
  9. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Сафобахш – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1860 сомонӣ.
  10. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Сари Хосор – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1860 сомонӣ.
  11. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1530 сомонӣ.
  12. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Куҳаншаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1530 сомонӣ.
  13. Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Сари Хосор – 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1530 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-малакаи хуби муошират;

-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-ариза ба унвони раиси ноҳия;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаиҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнати (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надорад);

-маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

-нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

-эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

-нусхаи шиноснома;

-маълумотнома дар бораи надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи суди, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

-нусхаи билети ҳарби (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

       Ноҳияи Балҷувон, Ҷамоати деҳоти Балҷувон,

Телефонҳо барои тамос: (83357) 21274; 100887734; 938260990 почтаи электронӣ; kadrho.baljuvon@khatlon.tj.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Балҷувон муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

 Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин