Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
— таҳсилоти олии касбии тиббӣ (ба ихтисоси тибби оилавӣ афзалият дода мешавад);
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Механизмҳои нави мабалағгузорӣ ва тадбиқи ислоҳот ба танзим медароранд;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
— 1 ҷой, маоши мансабӣ — 1959,90 сомонӣ.
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
— маълумот: олии тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ;
— таҷрибаи кории соҳавӣ на кам аз 1 сол;
— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони сардори Раёсати тандурустии вилоят;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона расм (4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
– маълумотнома дар бораи вазъи амволи шахсӣ (Эъломия аз даромад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
– хислатнома аз ҷои кор (барои ашхосе, ки кор мекунад);
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Хуҷанд, хиёбони ба номи Р.Набиев 45,
Телефонҳо барои тамос: 8 (3422) 4-65-59, 4-65-92.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати тандурустии вилояти Суғд муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.