Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Талаботи тахассуси барои довталабон:
— маълумоти олии тиббӣ, ихтисоси кори табобатӣ (акушер-гинеколог),
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳолии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботи тахассуси барои довталабон:
— маълумоти олии тиббӣ, ихтисоси педиатрия,
— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
— кор карда тавонистан бо компютер;
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист.
-донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.
-малакаи хуби муошират бо аҳолии ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
— ариза;
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
— тарҷумаи ҳол;
— нусхаи шиноснома;
— маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
— нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маълумоти зарурии касбӣ, такмили
ихтисос (диплом, шаҳодатнома ва ғайра)
— ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи умумии корӣ (нусхаи дафтарчаи
меҳнатӣ);
— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038;
-нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
-хислатнома аз ҷои кори пештара (фаъолият карда бошад);
— маълумот дар бораи доштан (надоштани) доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарби (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
-маълумотнома (резюме) дар шакли электронӣ.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Нарзиқулов-8, 734033
Телефон барои тамос: 223-11-93, почтаи эл: rt.dushanbe@mail.ru
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе муроҷиат намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.