Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАНҶ БАРОИ ИШҒОЛИ 18 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 5075,10 сомонӣ.
  2. Сармутахассиси шуъбаи маориф – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси бахши фарҳанг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  4. Сармутахассиси бахши сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.
  7. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1489,50 сомонӣ.
  8. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти М. Абдуллоев – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  9. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Водхуд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  10. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Язгулом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  11. Сармутахассиси дин танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Рованд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  12. Сармутахассис -сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Язгулом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  13. Сармутахассис –муҳандиси заминсозӣ Ҷамоати деҳоти Язғулом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2305,50 сомонӣ.
  14. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Язғулом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.
  15. Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Водхуд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.
  16. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Язғулом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.
  17. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Рованд – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.
  18. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти Язгулом – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1892,60 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои барои ишғоли роҳбари дастгоҳ:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби роҳбари дастгоҳро ба танзим медароранд.

— 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва на кам аз 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— кор карда тавонистан бо компютер.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ);

— 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ (барои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот);

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассисро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба номи роҳбари мақомот;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Ноҳияи Ванҷ, деҳаи Рохарв, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, Индекс 736300

Телефонҳо барои тамос: (83551) 21-5-23, 21-1-57

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Ванҷ муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

      Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин