Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

   

     Санаи 19 марти соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2026 баргузор гардид.

     Чорабиниро директори Агентӣ Идрисзода И.М. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуда, қайд кардан, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин ва муқаддаси миллати тоҷик буда, арзишҳои баланди фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунии халқамонро таҷассум менамояд.

    Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки оғози эҳёи табиат, тантанаи адолату некӣ, ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо мебошад, беҳтарин суннатҳои инсониро тарғиб менамояд, бо қадами фархундаи худ ба зиндагӣ муждаи тоза ва ҳусни нав мебахшад, ба хонадони мо файзу баракат ва шодиву нишот меорад ва барои наслҳои имрӯзу фардо аз асолату ҳувияти миллӣ, аз ормонҳои волои созандагиву бунёдкории ниёгонамон ҳикоят мекунад.

    Наврӯз яке аз ҷашнҳои фархундаест, ки дар масири таърихи шашҳазорсолаи худ ҳамчун иди баҳору бедоршавии табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ ҷашн гирифта мешавад.

   Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин, муқаддастарин ва зеботарин оинҳои миллии мост, ки таъриху тамаддуни бостонии моро таҷассум мекунад.

   Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бузурги гузаштагони мост».

   Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли асрҳо монанди забони модарии худ некӯ нигаҳ доштааст.

 Расму оин ва анъанаҳои наврӯзӣ дар давоми асрҳо сайқал ёфта, ҳусну таровати хосае пайдо намудаанд. Бо шарофати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз суннатҳои наврӯзӣ, ки таърихи тӯлонӣ доранд, дубора эҳё ва бо шаҳомати тоза таҷлил мегарданд.

  Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Иди байналмилалӣ эълон шуда, тавассути он Ватани Наврӯз-Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

  Яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо намудани Наврӯз дар он ифода мегардад, ки ҷавҳари фалсафаи ин ҷашни зиндагисозро инсондӯстию таҳаммулгароӣ ва парастиши некию накӯкорӣ ташкил медиҳад.

   Яъне Наврӯз чун ҷашни баробарии инсоният, ойини муҳаббату самимият ва дӯстию рафоқат дар ҷомеаи мутамаддини муосир метавонад на танҳо як хонавода, маҳалла, минтақа ё кишварро ҳамдилу муттаҳид созад, балки он чун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо барои ваҳдати инсоният хидмат менамояд.

  Тайи солҳои боҳибистиқлолӣ ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо ҳар сол бо рангу ҷилои тоза ва замонавӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ба бузургтарин ҷашни миллӣ, баҳору дӯстӣ, муҳаббату самимият, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ, гузашт аз гуноҳҳо, аёдати пирону ниёзмандон, ниҳолшинонӣ, пок намудани хонаву дар ва манзили гузаштагон, сайругашти оммавӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра табдил ёфтааст.

  Воқеан ҳам Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфои сарзамини аҷдодиамон мебошад, ва ҳама тозакориву ташаббусҳо ва рушду такомул аз ҳамин айёми эҳёгару рӯҳафзо сарманша гирифта, моро ба сӯи фатҳу зафарҳои навин роҳнамун месозад.

  Дар рафти чорабинӣ кормандон вобаста ба аҳамияти Наврӯз, суннатҳои миллӣ ва арзишҳои он суханронӣ намуда, бо шеър ва суханони табрикотӣ баромад карданд.

  Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишии “Шоҳмот” ва “Шашка”, ки як рӯз қабл миёни кормандони Агентӣ баргузор гардида буданд, эълон ва қадрдонӣ шуданд. Иштирокчиёни фаъол бо ҷойҳои ифтихорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин