Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Санаи 18 марти соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 миёни кормандони Агентӣ бо мақсади тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва тарғибу таъмини оммавияти варзиш мусобиқаҳои «Шоҳмот» ва “Шашка” ташкил карда шуд.
Дар мусобиқаҳои мазкур кормандони Агентӣ фаъолона иштирок намуда, ғолибон муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Чорабиниҳои Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди байналмилалии Наврўз-2026 идома дорад.