Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Санаи 6 марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Модар» бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ чорабинии идона баргузор гардид.

     Дар чорабинии мазкур директори Агентӣ Идрисзода Илёс Мумин бовунони мақомотро бахшида ба ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуда, оиди ҷойгоҳу мақоми зан дар ҷомеа ва нақши арзишманди модар суханронӣ намуданд.

     Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии онҳо Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 ва дар умум зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалисозии онҳо идома дорад.

    Дар идомаи чорабинӣ муовини якуми директор ва сардорони шуъбаҳои Агентӣ бо суханони табрикотӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» баромад намуданд.

     Дар фарҷоми чорабинӣ ба бонувони Агентӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

                                                                                                                                                                          Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин