Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Аз 10 то 13 феврали соли 2026 бо ташабусси Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия нахустин Конгресси байналмилалии идоракунии давлатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид.

     Дар кори он Идрисзода Илёс Мумин — директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кенҷазода Мирзо Анвар — сардори шуъбаи Агентӣ иштирок намуданд.

    Ҳамчунин дар рафти Конгресс роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Федератсияи Россия, Ҳукумати Федератсияи Россия, шаҳри Москва ва Академияи мазкур ширкат намуда, директори Агентӣ дар мавзуи «Рушди хизмати давлатии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

     Дар доираи чорабинии мазкур ва амалисозии Созишномаи хамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия Нақшаи амал барои соли 2026 тасдиқ карда шуда, мувофиқи он хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Академияи зикршуда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. 

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин