Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

     Санаи 5 феврали соли 2026 дар доираи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо, ки аз 3 то 5 феврали соли 2026 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин ва Вазири давлатӣ, Дабири кулли Девони вазирони Амороти Муттаҳидаи Араб Марям бинти Аҳмад Ал Ҳаммодӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи идоракунии давлатӣ ба имзо расид.
     Бояд қайд намуд, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур барои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо дар самти идоракунии давлатӣ, аз ҷумла ташкили табодули таҷриба оид ба амалисозии консепсияҳо, стратегияҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ, ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, таъмини рушди иқтидор ва омодасозии кадрҳои идоракунии давлатӣ дар хориҷи кишвар ва ҳамоҳангсозӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирии идоракунии давлатӣ мусоидат менамояд.
     Ҳамзамон тибқи Санади зикршуда дар доираи Барномаи омодасозии кадрҳо дар хориҷи кишвар, ки аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб амалӣ карда мешавад, хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин