Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ НОЗИРОНИ МИЗҲОИ ҲАРБӢ

20 декабри соли ҷорӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисос барои нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба анҷом расид.
   Дар маросими ҷамъбасти курси мазкур ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, сардори шуъбаи даъват, пуррагардонӣ ва бақайдгирии теъдоди ҳайати шахсии раёсати ташкил ва сафарбарии ситоди генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Парвиз, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидзода Шоҳрух Бозор ва сардори шуъбаи иттилоот ва ташкилии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷазода Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҷамъбасти курс таъкид гардид, ки дар ҷараёни омӯзиш шунавандагон донишу малакаи худро вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқию меъёрии уҳдадории ҳарбӣ, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, баҳисобгирии ҳарбӣ, пуррагардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои ҳарбӣ тақвият бахшиданд. Дарсҳо бо усулҳои муосир баргузор шуда, ба масъалаҳои амалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
   Баромадкунандагон зимни ҷамъбаст иброз доштанд, ки гузаронидани чунин курсҳо ба баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва самаранокии фаъолияти нозирони мизҳои ҳарбӣ дар маҳалҳо мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки иҷрои босифат ва саривақтии уҳдадориҳои ҳарбӣ аз сатҳи омодагии мутахассисони соҳа вобастагии зич дорад.
  Ҳамзамон шунавандагон андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба беҳтар намудани раванди даъват ва баҳисобгирии ҳарбӣ иброз намуда, чунин курсҳоро барои фаъолияти минбаъдаи худ хеле муфид арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки дониш ва таҷрибаи андӯхташуда дар амал татбиқ гардида, ба таҳкими қонуният ва тартибот дар соҳаи уҳдадории ҳарбӣ мусоидат хоҳад намуд.
    Дар фарҷом ба шунавандагони курс тавсия дода шуд, ки дар фаъолияти ҳаррӯза аз имкониятҳои касбии бадастомада самаранок истифода баранд, то иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар маҳалҳо дар сатҳи баланд таъмин карда шавад.
    Дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкардагони курси мазкур Гувоҳнома супорида шуд.
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин