Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ Русӣ Англисӣ
Имрӯз, 15 декабри соли 2025, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша-ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои масъулони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи барномаи таълимии «Сиёсати давлатӣ оид ба инноватсия ва рақамикунонӣ» курси такмили ихтисос расман ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзод Ҳаким Шамсулло, ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунӣ оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, инчунин директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок намуда, доир ба аҳаммияти рушди инноватсия ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми идоракунии давлатӣ суханронӣ карданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар самти инноватсия ва рақамикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди устувори кишвар ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, шаффофият, самаранокии идоракунӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ дар самти истифодаи технологияҳои муосир махсус зикр карда шуд.
Дар доираи курси такмили ихтисос шунавандагон бо самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи инноватсия ва рақамикунонӣ, таҷрибаи байналмилалӣ, механизмҳои татбиқи лоиҳаҳои рақамӣ, ҳукумати электронӣ, амнияти иттилоотӣ ва идоракунии тағйирот дар шароити рақамикунонӣ шинос мегарданд.
Курси мазкур то 20 декабри соли ҷорӣ идома ёфта, дар анҷом ба иштирокчиён Гувоҳнома супорида хоҳад шуд.