Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

“СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ”

Санаи 10 ноябри соли 2025, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша–ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ маросими ифтитоҳи курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии курс ноиби аввал, ноиби ректори Академия оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Одиназода Фирдавс Ҷалил дар суханронии ифтитоҳии худ сиёсати фарҳангии давлатро ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати умумимиллӣ ва пояи таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки рушди фарҳанг дар сиёсати давлатӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ӯ зикр намуд, ки “фарҳанг на танҳо рукни ҳувияти миллӣ, балки воситаи асосии таъмини субот, ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад”.
Дар доираи ин барномаи омӯзишӣ, ки то 15 ноябри соли 2025 идома хоҳад ёфт, мавзуъҳои муҳими илмӣ-амалӣ баррасӣ мегарданд. Аз ҷумла:
1. Нақши сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг — таҳлили меъёрҳои асосии сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии амалисозӣ ва таҷрибаи муассир.
2. Ҳуқуқи давлатӣ ва қонунгузории соҳа — шиносоӣ бо заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва сиёсати давлатӣ дар ҳифзи мероси миллӣ.
3. Идоракунии муассисаҳои фарҳангӣ дар шароити муосир — омӯзиши усулҳои муосири менеҷмент, банақшагирӣ ва инноватсия дар соҳаи фарҳанг.
4. Ҷойгоҳ ва рушди фарҳанги миллӣ — баррасии арзишҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва нақши онҳо дар таҳкими давлатдорӣ.
5. Нақши фарҳанг дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати миллӣ — таҳлили омилҳои фарҳангӣ дар таҳкими якпорчагии ҷомеа.
6. Муқовимат бо коррупсия ва экстремизму терроризм аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ — нақши маърифат, таҳаммулпазирӣ ва фарҳанги сиёсӣ дар мубориза бо хатарҳои замони муосир.
7. Фарҳанги суханварӣ дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ — такмили малакаҳои муошират, суханронӣ ва муносибати касбӣ бо ҷомеа.
Дар баробари омӯзиши назариявӣ, мисолҳои амалӣ аз таҷрибаи идоракунии муассисаҳои фарҳангӣ дар минтақаҳо, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Дар анҷоми курс аз иштирокчиён пурсишҳои натиҷавӣ гузаронида мешаванд. Онҳое, ки барномаи пурраи омӯзиширо бо муваффақият аз худ менамоянд, бо сертификати Академияи идоракунии давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Бояд таъкид кард, ки гузаронидани чунин курсҳо дар рушди савияи касбӣ ва ҷаҳонбинии фарҳангии хизматчиёни давлатӣ нақши муҳим мебозад. Он ба баланд бардоштани масъулияти иҷтимоиву фарҳангӣ, таҳкими сиёсати фарҳангии давлатӣ, ҳифзи мероси таърихиву миллӣ ва устувории арзишҳои маънавӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Курси мазкур қадами муҳиме дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг буда, заминаи устувори ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои фарҳангӣ даррушди ҳаёти маънавии кишвар мегардад.
Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин