Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ МУТАХАССИСОНИ ПЕШБАР ВА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ МАҲАЛЛИИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси такмили ихтисос барои мутахассисони пешбар ва кормандони сохторҳои маҳаллии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баргузор гардид. Курси мазкур дар доираи барномаи таълимии «Татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани малакаи касбӣ, донишҳои назариявӣ ва донишу таҷрибавии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Дар маросими ҷамъбаст ноиби якум, ноиби ректори Академия оид ба таълим — н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Ҳамидзода Шохрух Бозор, инчунин иштирокчиёни курс иштирок ва суханронӣ карданд.

Ноиби якум, ноиби ректори Академия оид ба таълим – н.и.и., дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил зимни баромадаш таъкид намуд, ки дар шароити ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аҳамияти ниҳоят муҳими стратегӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, имконияти фароҳамоварии донишҳои нав, азхудкунии малакаҳои зарурӣ ва такмили ихтисос, яке аз омилҳои асосии таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад.
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ бо ишора ба муҳим будани сатҳи касбияти кормандон қайд кард, ки сифати хизматрасонӣ дар мақомоти давлатӣ мустақиман ба дониш, малака ва масъулияти кормандон вобаста аст. Ў таъкид намуд, ки курс имкони шиносоӣ бо санадҳои меъёрӣ, принсипҳои хизматрасонӣ ва роҳҳои муосири идоракуниро фароҳам овард.

Муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод дар суханронии худ зикр кард, ки барои фаъолияти самараноки мақомоти соҳа омӯзиши усулҳои муосири идоракунӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва татбиқи он дар шароити миллӣ зарурат дорад. «Такмили ихтисос — омили калидӣ дар ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи хизмати иҷтимоии давлатӣ мебошад», — афзуд ӯ.

Ҳамчунин, директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор дар баромадаш иброз дошт, ки мақсади асосии курс таҳкими малакаҳои амалии мутахассисон, ғанигардонии донишҳои назариявӣ ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини идоракунии иҷтимоӣ мебошад. Ӯ изҳор дошт, ки натиҷаҳои курс бешубҳа ба рушди касбии кормандон, болоравии сифати хизматрасонӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.
Барномаи омӯзишӣ 46 соатро дар бар гирифта, аз лексияҳои интерактивӣ, омӯзишҳои амалӣ, мубоҳисаҳои касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи беҳтарини идоракунӣ иборат буд.

Дар ҷараёни дарсҳо иштирокчиён бо самтҳои асосии сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, механизмҳои нави идоракунии суғуртаи иҷтимоӣ, навгониҳои қонунгузорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ ва технологияҳои муосири корӣ шинос гардиданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид шуд, ки баргузории чунин курсҳо барои рушди касбии кормандон, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин барои таҳкими системаи суғуртаи иҷтимоӣ дар кишвар аҳамияти бузург дорад. Иштирокчиён пас аз хатми барнома ва пурсиш бо Гувоҳнома сарфароз гардонида шуданд.

Академияи идоракунии давлатӣ минбаъд низ ба ташкили чунин барномаҳои таълимӣ ва такмили ихтисос аҳамияти хоса дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони сохторҳои давлатӣ саҳм мегузорад.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
www.president.tj
Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идрисзода Илёс Мумин