User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 12 январи соли 2024 бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Љумњурии Тољикистон чорабинии омӯзишӣ дар толори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки хизматчиёни давлатӣ ташкил карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии семоҳаи омӯзишӣ аз руи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» барои бонувони болаёқати мақомоти давлатӣ ҷамъбаст гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар маросими тантанавии хатми таҳсил, ки дар шаҳри Сувони Ҷумҳурии Корея санаи 29 декабри соли 2023 баргузор гардид, хизматчии давлатӣ, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абубакр Ҳамдамов таҳсилро аз рӯи ихтисосҳои сатҳи байналмилалӣ - мудирияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Донишгоҳи Аҷуи шаҳри Сувони Ҷумҳурии Корея бомуваффақият хатм намуд ва бо дипломи хатм сарфароз гардид.

User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, №2011 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, моддаи 81 бо чунин мазмун илова карда шудааст:

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони мақомоти амнияти милли кишвар ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомти амнияти миллӣ муборакбод гуфта, дар фаъолияти босамару пурмасъулият баҳри ҳифзи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона этиқоди қавӣ таманно мекунад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо мақсади таъмини иҷрои барқияи ҳукуматӣ аз 5 декабри соли 2022,№24/10-68 санаи 28 декабри соли 2023 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 27 декабри соли 2023 дар толори Агентии хизмати давлатӣ дар асоси банди 8-и Нақшаи кори Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2023 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссия оид ба одоби хизматчии давлатии Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 бо иштироки раис, аъзоёни комиссия ва кормандони Агентӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 26 декабри соли ҷори раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар идомаи аёдати собиқадорони меҳнат аз ҳаёт ва саломатии собиқ кормандони ҳизбиву хизмати давлатӣ Заҳриддин Рустамов ва собиқадор Хӯчамурод Ҷӯрамуродов хабар гирифт.