- Ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 1 ҷой,
Талаботи тахасуссӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
- кор бо компютер;
- донистани забонҳои англисӣ ва русӣ пазируфта мешавад.
Маоши мансабӣ 1825.25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой,
Талаботи тахасуссӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё муносибатҳои байналмилалӣ;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
- кор бо компютер;
- донистани забонҳои англисӣ ва русӣ (ҳатмӣ)
Маоши мансабӣ 1392,90 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
- 3. Мутахассис-коргузори шуъбаи умумӣ ва хизмати давлатии дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой,
Талаботи тахасуссӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи ҳуқуқшиносӣ;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбарро ба танзим медароранд;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ;
- донистани таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ;
- кор бо компютер;
- донистани забонҳои англисӣ ва русӣ.
Маоши мансабӣ 1112,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони Раиси Суди конститутсионӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом, замимаи диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи амволӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);
- маълумотнома оид ба доѓи судӣ надоштан.
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 21 рўз, аз рўзи нашри эълон дар рўзнома қабул карда мешавад.
Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Бохтар 48.
Телефон барои маълумот: 227-38-09.
Веб-сайти Суди конститутсионӣ www.inғЭтот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.