- Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 943 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини вилояти Суғд -1 ҷой, маоши мансабӣ - 846 сомонӣ.
- Мутахассиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 769 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Исфара, К.Мастчоҳ, Бўстон, Гулистон - 6 ҷой, маоши мансабӣ - 846 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 4 дона акси андозаи 3х4);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ доштан ё надоштан;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбии заминсозӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер;
- доштани на кам аз 2 соли собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнати;
- донистани забони хориҷӣ: русӣ ва англисӣ;
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбии заминсозӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер;
- донистани забони хориҷӣ: забони русӣ ва англисӣ;
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касби, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер;
- донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Хуҷанд, кўчаи Фирдавсӣ-116, шуъбаи умумии Кумитаи идораи замини вилояти Суғд.
(Телефонҳо барои маълумот: (8-34-22) 6-21-97.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.