Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия:
1.Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1174 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:
2.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мрзо- 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1174 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ховалинг - 1ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.
4.Мутахассиси пешбар оид ба ҷамъоварии андози Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 883,20 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар - нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Шугнов - 1ҷой, маоши мансабӣ - 883,20 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои
зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли замимаи 1 ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 036 УЕ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумот дар бораи ҷойи зист ва оиладорӣ;
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
-гувоҳнома дар бораи надоштани доғи судӣ
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатии мазкурро таъмин карда метавонад.
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳаноми татбиқи манфиатҳои давалтӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби Сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ ва ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби маъмурии хизмати давлатии мазкурро таъмин карда метавонад.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳаноми татбиқи манфиатҳои давалтӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Ховалинг, кўчаи И.Сомонӣ-1, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия телефон: 8331720126, 8331720124.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияи расмӣ ва сомонаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.