Дастгоҳираиси ноҳияи Данғара
- Сармутахассис оид ба корҳои ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
- Сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара - 2 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 883 сомонӣ.
- Мутахассиси бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ
Воҳидҳои сохтории мақомоти худидоракунии
шаҳрак ва деҳот
- Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Корез - 1 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
- Сармутахассис оид ба корҳои омории Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабї - 1076 сомонї.
- Мутахассиси пешбари- нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Данғара - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
- Мутахассиси пешбари рушди иҷтимої ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Пушинг - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Корез -1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов - 1 ҷой, маоши мансабї - 883 сомонї.
- Мутахассис андозғундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Лолазор -1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.
- Мутахассис андозғундор ва хазинадори Ҷамоати деҳоти Себистон - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 724 сомонӣ.
Қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабон:
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатї бо шакли дар замимаи 1 пешбинї кардашуда;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатї
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи хати сабти асноди ҳолати шаҳрвандї
(агар шахс оиладор бошад);
-нусхаи дафтарчаи ҳарбї ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он;
-тавсифнома аз ҷои кори охирин (омўзиш)
-тавсифнома, тақризҳои ташкилотҳо ва шахсони холис;
- нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судї;
-дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї шудааст.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбї, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатї ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатї;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбї, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабї мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусї
барои ишғоли мансаби мутахассис:
- таҳсилоти олии касбї ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара
Телефон: (8-33-12) 2-17-26, шуъбаи ташкилї ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Данғара
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмї.
Эзоҳ: Иловапулї ба маоши мансабї барои собиқаи хизмати давлатї ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.