ҲАМАИ ХАБАРҲО
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.
18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид.
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Дӯстони азиз,
Нахуст аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони гиромӣ, дӯст ва бародарам, Шавкат Миромонович Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, дар Тоҷикистон ҳузури бофароғат мехоҳам.
18 апрел дар Қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон ба як гуруҳ ҳунармандони ду кишвар баргузор гардид.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон дар Қасри миллат маросими табодули санадҳои нави имзошудаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар вохӯрӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
18 апрел маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Бо мақсади таъмини иҷрои банди 103 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2024, №1 санаи 17 апрели соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
Дӯстӣ ва робитаҳои халқҳои тоҷику узбек таърихи ниҳоят қадима дорад. Дар тули таърих некуҳамсоягӣ, дӯстию ҳамкориҳои халқҳои тоҷику узбек асоси муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо буд.
Санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиќ карда шудааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯи барномаи «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид.
Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Агентии хизмати давлатӣ бо Академияи россиягии хоҷагии халк ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таквият дода шуда, тибки дархости Академияи мазкур аз 22 феврали соли 2024, №0202-100-01-24 директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. дар Форуми академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои ИДМ дар мавзӯи «Шахсият дар низомҳои идоракунӣ», ки рӯзҳои 27-29 марти соли 2024 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
«Наврӯз рамзи покизагиву ободӣ, саодату нишот ва идомаи ҳаёт мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба истиқболи ҷашни безаволи бостонӣ, Иди байналмилалии Наврӯз-2024 баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳалии он, меҳмонон аз дафтари кории Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Санаи 16 марти соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи сазовори Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Наврӯз ҳамчун рамзи покизагиву ободӣ» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентии хизмати давлатӣ ҳашари дастаҷамона ташкил карда шуд.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР
1.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-1 ҷой
талаботи тахассусӣ барои довталабон:
-таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ (иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ фанҳои гуманитарӣ),
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер инобат гирифта мешавад.
-мавҷудияти дониш ва малакаи банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансабӣ 759 сомонӣ ваиловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ;
2.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант-1 ҷой
-таҳсилоти олии касбӣ (омўзгорӣ, ҷамъиятшиносӣ, диншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ),
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавонистан бо компютер ба инобат гирифта мешавад.
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 1131,60 сомонӣ ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР
3.Мудири бахши саноату манзилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-1 ҷой
-таҳсилоти олии ихтисосҳои иқтисодчӣ, соҳаи саноат ва идоракунии манзил,
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва кор карда тавониста бо компютер ба инобат гирифта мешавад.
-мавҷудияти дониш ва банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 1246,20 сомонӣ ваиловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
4.Мутахассиси пешбари бахши саноату манзилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-1 ҷой
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 924,60 сомонӣ ваиловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
5.Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-1ҷой
-таҳсилоти олии иқтисодӣ, баҳисобгирии бугалтерӣ ва аудит,
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва бо компютер кор карда тавонистан ба инобат гирифта мешавад.
Мавҷудияти дониш ва банақшагирии раванди кор, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ МАҚОМОТИ ХУДИОРАКУНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ
6.Сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-1 ҷой
-таҳсилоти олии касбӣ (кишоварзӣ ва заминсоз),
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси заминӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ўҳдадориҳои мансабиро ба танзим медароранд.
-2 сол хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
Маоши мансабӣ 1028,10 сомонӣ ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
7.Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Гулистон-1 ҷой
-таҳсилоти олии касбӣ (фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқшиносӣ),
Маоши мансабӣ 841.80 сомонӣ ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ.
8.Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Ваҳдат-1ҷой
9.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат оид ба соҳаи омор-1 ҷой
-таҳсилоти олии касбӣ (омўзгорӣ, иқтисодӣ ё ҳуқуқшиносӣ),
Маоши мансабӣ 690 сомонӣ ваиловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин
пешниҳод карда мешавад:
-ариза ба унвони раиси шаҳр
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 дона акси андозаи 3х4 ва 4х6 (маълумотҳои шахсӣ ва фаъолияти меҳнатӣ дақиқ ва фаҳмо нишон дода шавад);
-тарҷумаи ҳол (хаттӣ);
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома дар бордаи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
-маълумотнома аз ҷои истиқомат;
-маълумотнома оиди доғи судӣ;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон: шаҳри Левакант, кўчаи Н.Хусрав-23, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант
Телефон барои тамос: 83250 -6-15-73
*Эзоҳ: Дар сурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ бе асос қабул накардани ҳуҷҷатҳои довталабон, онҳо метавонанд
ба Агентии хизмати давлатӣ тавассути телефони (+99237) 224-47-36 ё сомонаи www.ahd.tj муроҷиат намоянд.
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх