User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба таваҷҷуҳи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар доираи татбиқи Созишномаи байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ аз 20 майи соли 2015 Академияи мазкур дар магистратураи яксола аз рӯи барномаи «Рушди минтақавӣ» дар соли таҳсили 2017-2018 барои Тоҷикистон 3 бурсия ҷудо намудааст (Замимаи 1). Таҳсил дар магистратура ба забони русӣ сурат мегирад.

Талаботи асосӣ барои номзадҳо:

         - таҳсилоти олӣ;
         - собиқаи на камтар аз 1 соли хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё сохторҳои маҳаллии мақомоти марказӣ бо дарназардошти ба рушди маҳал ва минтақа марбут будани самти фаъолияти хизматчии давлатӣ;
       -донистани забонҳои русӣ ва англисӣ (сертификати омӯзиши забони англисӣ- ielts ё toefl).

                                                 

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки бояд довталаб пешниҳод намояд:

 

  1. Ариза ба унвони ректори Академия (Замимаи 2 ).
  2. Нусхаи ҳуҷҷат оид ба  таҳсилоти олӣ (бо варақаи баҳогузорӣ).
  3. Варақаи шахсӣ.
  4. Нусхаи шиноснома (тоҷикӣ ва хориҷӣ).

5.Нусхаи сертификат оид ба омӯзиши забони англисӣ (ielts ё toefl).

  1. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.
  2. Гувоҳномаи тиббӣ.

8..Роҳхат бо имзои роҳбари аввали мақомоти давлатӣ (Замимаи 3).

  1. Ду эссе (Замимаи 4).
               Ҳуҷҷатҳои дар банди 2, 3, 6, 8 номбаршуда бояд бо забони русӣ тарҷума ва аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқ карда шаванд.
               (Маълумот дар бораи бурсияҳо, шакли ариза, роҳхат ва талабот барои навиштани эссе бо забони русӣ замима мегардад.)

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо:
          Ҳуҷҷатҳо то 15 июни соли 2017 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ ва электронӣ бо нишонии ш. Душанбе, кӯчаи Саид Носир- 33, қабул карда мешаванд.   

                               Маълумоти иловагӣ барои довталабон: 
  Номзадҳое, ки сертификати омӯзиши забони англисӣ (ielts ё toefl) надоранд, метавонанд дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон номнавис шуда, бо пардохти маблағи муқарраргардида (аз ҳисоби номзад) дар Академияи мазкур рӯзҳои 8-9 августи соли 2017 аз санҷиш гузашта, соҳиби сертификат гарданд.
       Номзадҳо барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ даҳаи аввали моҳи августи соли равон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар менамоянд. Хароҷоти сафар дар давраи супоридани имтиҳонҳо аз ҷониби номзад ё мақоми давлатие, ки номзадро пешниҳод кардааст, пардохт мешавад. Баъди қабул ба Академия пардохти хароҷоти таҳсил (роҳкиро, хобгоҳ, стипендияи ҳармоҳа) аз ҳисоби маблағҳои грантии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ гардидааст.
           

Эзоҳ: 1.Бинобар сабаби ба забони русӣ сурат гирифтани таҳсил интихоби пешакии номзадҳо аз миёни довталабони аз ҷониби мақомоти давлатӣ пешниҳодгардида дар Агентии хизмати давлатӣ гузаронида мешавад.
         2. Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба магистратура метавонед ба сомонаи www.pa-academy.kz  ё бо телефони 224-53-22 (Фақеров Ф.Н. - муовини сардори шуъбаи ташкилӣ, таҳлил ва иттилооти Агентии хизмати давлатӣ ) муроҷиат намоед.